Имрӯз ба таъсиси ширкати хусусии суғуртавии «Orien Insurance» панҷ сол пур мешавад

Date:



           

Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба таъсиси ширкати хусусии суғуртавии «Orien Insurance»

 

панҷ сол пур шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари ширкат Искандар Шарипов иттилоъ дод, дар муддати кӯтоҳ ба ширкат муясаар шудааст, ки миёни 13 ширкати суғуртавии хусусӣ ва давлатӣ мавқеи пешсафиро соҳиб гардад. «Айни замон ширкат 11 намуди ихтиёрии суғуртакунӣ барои аҳолӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷиро амалӣ сохта, сармояи оинномавиаш ба 3,3 млн. сомонӣ, захираҳои суғуртавӣ ба 15 млн. сомонӣ ва маблағи умумии ҷамъовардааш дар соли 2008 ба 36 млн. сомонӣ баробар аст», – гуфт ӯ.




           

Номбурда дар мавриди мушкилоти ҷойдоштаи ширкат гуфт, заминаи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба суғурта ҳанӯз заъиф аст, зеро бозори суғуртаи ҷумҳурӣ то ҳанӯз тибқи муқаррароти қонунгузории соли 1994 амал мекунад. «Пас аз қабули Кодекси шаҳрвандии ҶТ дар соли 2000 вазъи тиҷорати хусусии суғуртавӣ бояд дигаргун мегардид, вале то ин дам дар ин самт тағйироте ба назар намерасад», – афзуд И.Шарипов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...