Дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои Ҳафтаи ҷавонон дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ баргузор шуд

Date:



           

Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи баргузории Ҳафтаи ҷавонон дар ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон Рӯзи дави миллӣ баргузор шуда, дар он ҳудуди 200 ҳазор нафар сокинони кишвар иштирок карданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар доираи Ҳафтаи ҷавонон инчунин як қатор чорабиниҳои дигар, аз ҷумла баҳри дарёфти Ҷоми мақомоти шаҳрдории пойтахт мусобиқоти футбол миёни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр ва корхонаву муассисаҳо низ доир мегардад. Ҳамзамон миёни рассомон таҳти унвони «Манзараҳои пойтахти ман» баргузории озмун ва ба муносибаи Соли бузургдошти Имоми Аъзам созмон додани конфронси илмиву амалӣ дар назар аст.




           

Ш.Саидов изҳор дошт, ки бевосита дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони пойтахт муқобили маводи нашъаовар ва паҳншавии бемории ВИЧ/СПИД» чорабинии таблиғотии умумишаҳрӣ гузаронида шуда, ҳамчунин дар байни хонандагони синфҳои болоии макотиби шаҳр озмуни иншои беҳтарин дар ин мавзӯъ низ барпо мешавад.




           

Ёдрас мекунем, ки Рӯзи ҷавон дар ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли 1998 таҷлил мегардад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...