Бонки рушди Олмон ба бонкҳои Тоҷикистон 4,5 млн. Евро маблағ ҷудо карданист

            Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Душанбе мулоқоти мақомоти раҳбарии ҶСК «Агроинвестбонк» бо менеҷери лоиҳавии Бонки рушди Олмон (KfW Development Bank) Моника Гюдзнер ва намояндаи ин бонк Силке Хермес баргузор шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, мулоқоти мазкур бо мақсади шиносоии намояндагони бонки […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Душанбе мулоқоти мақомоти раҳбарии ҶСК «Агроинвестбонк» бо менеҷери лоиҳавии Бонки рушди Олмон (KfW Development Bank) Моника Гюдзнер ва намояндаи ин бонк Силке Хермес баргузор шуд.





           


Чӣ

тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, мулоқоти мазкур бо мақсади шиносоии намояндагони бонки хориҷӣ бо фаъолияти бонк ва мусоидати онҳо ба таъсиси созмони нахустини апексии микродепозитии «Боварӣ» барои таъмини созмонҳои қарздиҳии хурд бо маблағ созмон дода шудааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, раиси»Агронвестбонк» Ниёзмурод Саидмуродов изҳор доштааст, ки баҳри дастгирии суръати баланди афзоиши бахши қарздиҳии хурд, ки бевосита ба коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ нигаронида шудааст, тасмим гирфта шуд, созмони нахустини апексии микродепозитии «Боварӣ ва ҳамкорӣ» таъсис дода шавад.




           

Дар навбати худ Моника Гюндзнер гуфтааст, дар марҳилаи аввал бонк ният дорад, баҳри амалисозии ин мақсад 4,5 млн. Евро маблағ ҷудо созад, ки қисмате аз онҳо чун сармоя ва воситаҳои молиявии созмони «Боварӣ ва ҳамкорӣ» истифода хоҳанд шуд. «Дар марҳилаи дуввум роҳандозии робитаҳои зич бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар соҳаи қарздиҳии хурд ба нақша гирифта шудааст», – афзуд манбаъ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.