Кумитаи омори ИДМ: Афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 3,5 дарсадро ташкил дод

Date:



           

Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи иттилои Кумитаи омори кишварҳои узви ИДМ, ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 3,5 дарсадро ташкил додаст.





           

Ин нишондиҳанда аз ҳама бештар дар Русия – ба андозаи 12,3, Арманистон – 6,2 ва Қазоқистон – 4,5 дарсад поин рафтааст.




           

Афзоиши ҳаҷми ММД дар ин давра дар кишварҳои дигар узви ИДМ ба таври зайл нишон дода шудааст: Ӯзбекистон – 7,9; Молдова – 7,2; Озарбойҷон – 4,1; Гурҷистону Украина – 2,1; Белорус – 1,1 ва Қирғизистон – 0,2 дарсад.




           

Кумитаи омори ИДМ ҳамчунин коҳиши тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳоро ба қайд гирифтааст. Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар Украина

 

ба андозаи – 31,9; Молдова – 24,2; Қирғизистон – 19,5; Русия – 14,3; Арманистон – 9,5; Тоҷикистон – 8,2; Қазоқистон – 4,6; Белорус – 4,5 ва Озарбойҷон – 2,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин давра Ӯзбекистон ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми 9,9 дарсад ноил гардидааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...