Ҳамагӣ 30 дарсади манзили зисти шаҳри Кӯлоб ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 омода аст

            Кӯлоб. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳамагӣ 30 дарсади манзили зисти шаҳри Кӯлоб ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 омода аст.             Тавре директори корхонаи фаръии байниноҳиявии барӯйхатгирии техникии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналии»-и Кӯлоб Абдухолиқ Лоиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2007 ба кори ба тартиб овардани ному шумора ва […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳамагӣ 30 дарсади манзили зисти шаҳри Кӯлоб ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 омода аст.





           

Тавре директори корхонаи фаръии байниноҳиявии барӯйхатгирии техникии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналии»-и Кӯлоб Абдухолиқ Лоиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2007 ба кори ба тартиб овардани ному шумора ва дигар нишондодҳои кӯчаву хонаҳо шурӯъ кардааст, вале бо имконоти худ танҳо аз ӯҳдаи таҳқиқи ҳамагӣ 164 манзили зисти аз 4 то 9-ошёна баромадааст. «Дар шаҳр боз 8010 адад манзили зисти шахсӣ ба қайд гирфта шудааст ва чун корхонаи мо мустақилу худмаблағгузор аст, мо барои доир сохтани чунин кор маблағи кофӣ надорем», – гуфт ӯ.




           

А.Лоиқов мегӯяд, маблағи кори иҷрокардаи корхона ба 42 ҳазору 858 сомонӣ арзёбӣ шудааст, вале то ҳанӯз ҷиҳати пардохти маблағи мазкур ба корхона касе шитоб надорад, ҳарчанд барои ин кор маблағи зарурӣ дар ҳукумат ҷудо гардидааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.