Дар Тоҷикистон иншооти нав ба маблағи 4 млрд сомонӣ сохта мешаванд

Date:

Душанбе. 18 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар пойтахти Тоҷикистон маркази олимпии варзишӣ сохта мешавад, дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон, Абдувалӣ Комилов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ лоиҳаи сохтмони маркази варзишӣ дар шаҳри Душанбе, ки нақша аст дар надикии Амфитеатр сохта шавад, алакай омода аст.

Сохтмони маркази миллии варзишӣ, воқеъ дар хиёбони Карамов,ба суръати лозима пеш рафта он аз се толори варзишӣ – умумӣ, корти тенис ва ҳавзи шиноварӣ иборат аст, афзуд раҳбари Агентӣ.

Толори варзиши умумии марказ дар майдони 5,7 ҳектар замин ҷойгир шуда дар он 4 ҳазор ҷойи шишт пешбинӣ шудааст.

Ба ин минвол бо мақсали рушди варзиш дар Тоҷикистон имсол дар ҳудуди ҷумҳурӣ даҳҳо маркази варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Абдувалӣ Комилов инчунин хабар дод, ки бахшида ба 20- умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, нақша аст дар соли 2011,сартосари ҷумҳурӣ, 1347 иншооти нав сохта ба истифода дода шавад, аз ҷумлаи он 166 бино дар пойтихти кишвар.

«Чойхонаи миллӣ, китобхонаи миллӣ, театри миллӣ, осорхонаи миллӣ, маркази фароғатии «Сомониён», меҳмонхонаи «Серена», марказҳои тиҷорат ва савдо, биноҳои зисти баландошёна ва дигар иншоот шаҳри Душанберо зеб хоҳанд дод», – иброз дошт ӯ.

Беш аз ин дар рӯзҳои таҷлили ҷашни истиқлолият дар пойтахт Парчами Тоҷикистон дар баландии 165 метр қомат афрохта нишони давлат ба андозаи 5 метр омода хоҳад шуд.

Маблағи умумӣ барои сохтмони иншоот ҷудо шуда 4 млрд сомони ( беш аз 900 млн доллар)- ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои директори Агентии сохтмон ва меъморӣ, сохтмони тамоми иншоот ба суръати лозима пеш рафта дар вақти муққараршуда ба истифода дода мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...