Мақомоти қудратӣ ду тан фирории узви гурӯҳи Мулло Абдуллоро меҷӯянд

Душанбе. 20 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар натиҷаи амалиёти вижаи боздошти ҷангҷӯёни боқимондаи узви гурӯҳи террористии Мулло Абдулло дар шарқи кишвар,  аз сӯйи мақомоти қудратӣ, таърихи 18 апрел, сокини ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод, Мирхуҷа Шарипови 50 сола дастгир карда шуд. Дар ин бора  зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Саидхон Ҷурахонов хабар дод. […]

Наргис Ҳамрабаева

Душанбе. 20 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар натиҷаи амалиёти вижаи боздошти ҷангҷӯёни боқимондаи узви гурӯҳи террористии Мулло Абдулло дар шарқи кишвар,  аз сӯйи мақомоти қудратӣ, таърихи 18 апрел, сокини ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод, Мирхуҷа Шарипови 50 сола дастгир карда шуд. Дар ин бора  зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Саидхон Ҷурахонов хабар дод.

«Ҳангоми боздошт Шарипов муқовимат нишон дода,сарбози горди миллии Тоҷикистон Сафаралӣ Ғаниеви 21 соларо кушт», – изҳор дошт муовини вазир.

Ба иттилои ВКД дар ҷойи ҳодиса автомат Калашников бо се тирдон кашф карда шуд. «Тибқи маълумоти дар даст дошта, феълан ду тан аз ҷангҷӯёни гурӯҳи Мулло Абдулло, ки тавонистанд аз макони задухурди рӯзи 15 апрел фирор кунанд, зинда ҳастанд. Амалиёти боздошти ин ду тан дар Рашт идома дорад»,- афзуд Ҷӯрахонов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.