Вазорати маорифи Тоҷикистон имкониятҳои нави таҳсили донишҷӯён дар ИМА-ро меҷӯяд

Date:

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – Миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар симои вазири маориф – Абдуҷаббор Раҳмонов ва Колеҷи ҷамъиятии иёлоти Вирҷини (NOVA)- и ИМА, дар симои ноиби президенти колеҷ Полл Маквей,таърихи 20 апрел дар шаҳри Душанбе, меморандуми ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Тавре вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов иброз дошт, ҳуҷҷати мазкур бо мақсади дастгирии толибилимон, донишҷӯён, аспирантҳо ва омӯзгорон барои гирифтани таҳсили фаннӣ дар хориҷа ба тасвиб расид.

Ба гуфтаи ноиби президенти колеҷи NOVA Полл Макквей, колеҷи мазкур дуввумин бузургтарин муассисаи таълимии Амрико маҳсуб гашта, дар он беш аз 78 ҳазор донишҷӯ аз 180 давлати ҷаҳон аз рӯйи 170 ихтисос таҳсили илм доранд.

«Колеҷи мо бо муассисаҳои бонуфузи олии Амрико созишнома дорад. Мувофиқи он хатмкунандагони коллеҷ имкон доранд бидуни озмун таҳсили худро дар ин муассисаҳо идома диҳанд. Аммо пас аз хатми коллеҷ аксарият ба кор шуруъ мекунанд, зеро алакай мутахассис маҳсуб мегарданд»,- афзуд Полл Макквей.

Меморандум барои се сол имзо шуда дар доираи  амалисозии он тарафҳо воситаҳои ҳамкориро ба манфиати теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик, ки дар Амрико таҳсили илм карданиянд, баррасӣ хоҳанд кард.

Бояд қайд кард, ки зимни вохӯрӣ чунин меморандуми ҳусни тафоҳум миёни коллеҷи NOVA ва Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналхалқӣ»-и назди Вазорати маорифи кишвар ба тасвиб расид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...