Шодӣ Шабдолов: Нархи бензини Душанбе аз Ню-Йорк қиматтар аст

Date:

Душанбе. 12-уми май. Азия-Плюс — Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистонро мебояд нисбати гурӯҳи монополистони бозори воридоти маводи маҳсулоти нафтӣ чораҳои қатъӣ биандешад.

Ба эътиқоди мавсуф, мизони суръати болоравии нархи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон кайҳо тамоилҳои ҷаҳониро гузаштаанд ва болоравии нархи маводи сӯзишвории нафтӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ маънои онро надорад, ки нархи бензин дар шаҳри Душанбе ба нархи он дар Ню-Йорк баробар бошад.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов таъкид кард, ки рӯйдодҳои ахири фоҷеабори минтақаи Шарқи Наздик ва рушди босуръати иктисоди кишварҳое чун Чину Ҳиндустон  омили аслии болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ мебошанд. «Захираҳои ҷаҳонии нафту ангишт тайи 50-100 соли минбаъда ба охир  мерасанд ва хатари истифодаи энергияи атомӣ ҳамарӯза возеҳтар аён мегардад, – гуфт ӯ. -Дар чунин шароит талабот ба истифодаи навъҳои энергияи барқароршаванда афзоиш меёбад, ки Тоҷикистон бо захоири обиву энергетикии худ аз он бой аст ва агар мо имрӯз аз ин имконияти худ истифода набарем, минбаъд таърих моро нахоҳад бахшид».

Дар идома раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон иброз дошт, ки дар баробари рушди гидроэнергетика набояд масоили азхудкунии биоэнергетика, пеш аз ҳама энергияи бодӣ ва офтобиро фаромӯш сохт, зеро гидроэнергетика аз шароитҳои обуҳаво вобастагии зиёд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...