АНМН: Соли гузашта дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир ба миқдори 500 тонна коҳиш ёфт

Date:



           

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, соли гузашта дар ин кишвар истеҳсоли маводи мухаддир ба миқдори 500 тонна коҳиш ёфта, 7,7 тоннаро ташкил дод.





           

Директори Агентиии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки аз рӯи таҳлили доирнамудаи агентӣ, маълум шудааст, ки дар минтақаҳое, ки таҳти назорати ҳукумати Афғонистон қарор надоранд, истеҳсоли маводи нашъавоар афзудааст.




           

Ба иттилои агентӣ, дар ин минтақа то 80 дарсади маводи мухддири кишвар истеҳсол мешавад. «Феълан 18 музофоти Афғонистон, аз ҷумла Тахору Қундузу Балх, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, аз маводи мухаддир озод эълон карда шуда, маводи нашъаовар аслан дар музофоти ҷануби кишвар тайёр карда мешавад», – гуфт Р.Назаров.




           

Р.Назаров афзуд, ки айни замон дар Афғонистон тамоили афзоиши истеҳсоли маводи мухаддири бангдона ба мушоҳида мерасад ва хулосабарорӣ оид ба «тағйирёбии куллии» истеҳсоли маводи мухаддир дар ин кишвар ҳанӯз барвақт аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...