Мусодираи миқдори зиёди «экстази» дар Душанбе

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Дар шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори зиёди ҳабҳои нашъаовари «экстази»-ро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар қаламрави пойтахт ҳангоми фурӯши ҳабҳои (таблеткахои) MDMA, ки бештар чун «эсктази» маъруфанд, шаҳрванди 34-солаи кишвар боздошт гардида, ҳамчунин […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Дар шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори зиёди ҳабҳои нашъаовари «экстази»-ро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар қаламрави пойтахт ҳангоми фурӯши ҳабҳои (таблеткахои) MDMA, ки бештар чун «эсктази» маъруфанд, шаҳрванди 34-солаи кишвар боздошт гардида, ҳамчунин зимни азназаргузаронии манзили зисти иҷораи ӯ панҷ бастаи селлофании дорои ҳудуди 500 дона ҳабҳои нашъаовари  «метилендиоксиметамфетамин» (MDMA, экстази) дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зикр гардид, ки бино ба маълуоти пешакӣ, боздоштшуда ин ҳабҳоро аз як шаҳрванди Афғонистон харида, ният доштааст, ки онро бо арзиши аз 20 то 30 доллари ИМА барои ҳар як донааш фурӯшад.

Коршиносон хатари зиёди ин маводи муаддири синтетикӣ – вобастагии зуди равониро, ки ба харобии ҷиддии рӯҳияву асаб боис мегардад,  таъкид менамоянд.

Қоибили зикр аст, ки соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ аз муомилоти ғариқонунӣ беш аз 460 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 49,3% зиёдтар аст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.