Георгий Кошлаков: Дар Алмаато ӯзбекон бобати нерӯгоҳи «Роғун» чизи тозае нагуфтанд

Date:

Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс —Чанде қабл дар Алмаато бо иштироки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаи Амударё машварати нахустин оид ба лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» собиқ ноиби нахуствазири ҷумҳурӣ ва феълан раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, яке аз намояндагони Тоҷикистон дар ин машварат Георгий Кошлаков изҳор дошт, коршиносони бонк дар бораи натиҷаҳои нахустини баҳодиҳӣ ба лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» ва идомаи фаъолияташон дар оянда дар ин самт гузориш доданд. «Мушовирони аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон кирокарда барои баргузории ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳи апрел ба кор шурӯъ карданд ва метавон гуфт, ки ин танҳо оғози фаъолият аст», – таъкид кард ӯ.

Ба қавли мавсуф, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Ӯзбекистон дар машварат боз дар бораи аз ҷиҳати зилзила хатарнок будани қаламрави сохтмони сарбанд, таъсири манфии нерӯгоҳ ба вазъи экологии минтақа ва дигар масоиле, ки борҳо гуфтаанд, ҳарф задаанд, вале чизи наве пешниҳод накардаанд. «Баргузории марҳилаи нави гуфтушунидҳо тахминан моҳҳои август дар шаҳри Душанбе пешбинӣ мешавад», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...