Дар Хуҷанд муаллифони беҳтарини лоиҳаҳои истифодаи дубораи захираҳо соҳиби 4 ҳазор Евро шуданд

Хуҷанд. 23 май. Азия-Плюс — Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд намоишгоҳи дуввуми «Сарфаи энергия ва технологияи истифодаи дубораи захираҳо -2011» доир гардида, ғолибони он баҳри рушди лоихаҳои худ бо 4 ҳазор Евро маблағ сарфароз гардонида шуданд. Дар намоишгоҳи мазкур намояндагони корхонаву ташкилот, созмонҳои ҷамъиятӣ, ихтироъкорон ва ҳамчунин хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 23 май. Азия-Плюс — Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд намоишгоҳи дуввуми «Сарфаи энергия ва технологияи истифодаи дубораи захираҳо -2011» доир гардида, ғолибони он баҳри рушди лоихаҳои худ бо 4 ҳазор Евро маблағ сарфароз гардонида шуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур намояндагони корхонаву ташкилот, созмонҳои ҷамъиятӣ, ихтироъкорон ва ҳамчунин хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ 47 лоиҳаҳои худро бо намунаҳои санҷишӣ, макетҳову нақшаҳо ва маҳсулоти тайёр пешниҳод карда, бо ҳам табодули афкор намуданд.

Дар чаҳорчӯби намоишгоҳ ду мизи мудаввари соҳавӣ доир гардида, иштирокчиёни он доир ба масоили истифодаи дубораи маҳсулот, аз ҷумла тайёр кардани ғилофакҳои каммасраф барои чароғҳои барқӣ, дастрас кардани биогаз, безарар гардонидани дастгоҳу таҷҳизоти дорои симоб, сохтмони ҳоҷатхонаҳои аз ҷиҳати экологӣ безарар, истифодаи дубораи партовҳои пластикӣ ва ғайра ибрози андеша карданд.

Муаллифони корҳои беҳтарин сохиби диплому тӯҳфаҳои арзишманд гардида, КВД «Заря Востока» ва ҶДММ «Қувватшер» барои рушди минбаъдаи технологияҳо оид ба истифодаи дубораи захираҳо соҳиби 2 ҳазор Евро шуданд. Донишкадаи боғдорӣ ва сабзавотпарварӣ низ барои технологияҳои инноватсионии агротехникӣ бо ҳамин миқдор маблағ сарфароз гардонида шуд.

Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Чкаловск, Донишкадаи кӯҳкорӣ-металлургӣ (Чкаловск), Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, ҶК «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» дар ҳамдастӣ бо созмони байнулмилалии «Акт Алянс» ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.