Собиқ мансабдори Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон аз толори додгоҳ озод карда шуд

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» – | Собиқ директори бахши тиҷоратии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Ҳабибулло Ташрифов, ки аз ҷониби суд дар қаллобии ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор дониста шудааст, аз толори додгоҳ озод гардид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи ин мурофиаи судӣ, додраси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» – | Собиқ директори бахши тиҷоратии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Ҳабибулло Ташрифов, ки аз ҷониби суд дар қаллобии ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор дониста шудааст, аз толори додгоҳ озод гардид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи ин мурофиаи судӣ, додраси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Бахтиёр Искандаров хабар дод, додгоҳ Ҳ.Ташрифовро ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 61,5 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 13,6 ҳазор доллар) муваззаф сохта, молу мулкашро мусодира кард. Ба ҷуз ин, ӯ аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ба мӯҳлати 1,5 сол маҳрум карда шуд. «Ҳамроҳи Ташрифов мансабдори дигари Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ – корманди шӯъбаи кадрҳо Олим Раҳимов низ ба қаллобии хидматӣ гунаҳкор дониста шуда, ба пардохти ҷарима ба давлат дар ҳаҷми 3,5 ҳазор сомонӣ ӯҳдадор гардид», – гуфт додрас.

Ҳабибулло Ташрифов тирамоҳи соли 2010 аз ҷониби кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба гумони ситонидани ришва ба маблағи 30 ҳазор доллар боздошт гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки тобистони соли гузашта ба Кодекси ҷиноии ҶТ тағйирот ворид гардида, мутобиқи он шахсони содиркардаи ҷиноёти иқтисодӣ, дар сурати ҷуброни хисорот ба давлат ва пардохти ҷаримаи пешбинишуда, аз ҷазои ҷиноӣ метавонанд озод карда шаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.