Тӯраҷонзода муштариёни сомонаи худро ба ҷустуҷӯйи воситаҳои алтернативии дастрасӣ даъват кард

Date:

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадори варзидаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз ҳамаи истифодабарандоги сомонаи

www.turajon.com

даъват ба амал овард, ки воситаҳои алтернативии дастрасӣ ба сомона, аз ҷумла тавассути прокси-серверро ҷустуҷӯ кунанд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Тӯраҷонзода изҳор дошт, ки дар манъи дастрасӣ ба сомонаи зикршуда ба ҷуз тавсияи роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумат Бег Зуҳуров, ҳамчунин беҷуръативу дудилагии интернет-провайдерони Тоҷикистон низ боис гардидааст.

«Ҳангоми манъи дастрасӣ ба сомона ман дар хориҷи кишвар қарор доштам, ва пас аз бозгашт ба ватан, бо номаи Бег Зуҳуров ошно гардида, воқиф шудам, ки роҳбари Хадамоти алоқа аз провайдерон на талаб, балки дархост мекунад, ки «бинобар ба вуҷуд омадани мушкилоти техникӣ муваққатан дастрасии муштариён ба сомона манъ карда шавад», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 20-уми майи соли ҷорӣ бо дархости Хадамоти алоқаи назди ҳукумати кишвар дастрасӣ ба сомонае, ки дар он мақолаву гузориш ва андешаву назарҳои бародарон Тӯраҷонзодаҳо – Ҳоҷӣ Акбар, рӯҳониён Эшони Нуриддин ва Эшони Маҳмудҷон дар бораи фарҳанги исломӣ нашр мешуданд, манъ карда шуд. Ҳамчунин робитаи мутақобилаи истифодабарандагони сомона низ манъ гардид.

Сомонаи мазкур дар дохил ва хориҷи кишвар ҳаводорони зиёде дошта, дар муддати як соли фаъолият аз он як миллион нафар муштариён истифода кардаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....