Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остона

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ оданд, дар фурўдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси […]

Азия-Плюс

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард. 

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ оданд, дар фурўдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

 Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, Раиси Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов ва Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров Ҳамроҳӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар иттилоъ дод, дар доираи чорабиниҳои нишасти мазкур сарвари Давлати Тоҷикистон бо сарони кишварҳои Покистон, Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қазоқистон гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.

Бино ба маълумоти ВАО-и Қазоқистон, дар нишаст натиҷаҳои фаъолияти СҲШ дар тӯли даҳ соли сипаришуда таҳлил ва дурнамои рушди минбаъдаи он баррасӣ шуда, ҳамчунин атрофи маҷмӯи масоили вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа табодули афкор сурат хоҳад гирифт. Аз рӯйи натиҷаҳои нишаст қабули Эъломияи даҳсолагии СҲШ дар Остона дар назар аст. Пас аз анҷоми нишаст раёсати созмон ба мӯҳлати як сол аз Қазоқистон ба Чин вогузор мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.