Ба сокинони бесарпаноҳмондаи Ашт манзил бино мекунанд

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сокинони ноҳияи Ашт, ки манзили зисташон рӯзи якшанбе бар асари сели башиддат хароб гардид, ҳамин ҳафта аллакай соҳиби қитъаҳои замин барои сохтмони манзил мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ бар асари сел дар деҳаҳои Бободархон ва […]

Бахтиёр Валиев

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сокинони ноҳияи Ашт, ки манзили зисташон рӯзи якшанбе бар асари сели башиддат хароб гардид, ҳамин ҳафта аллакай соҳиби қитъаҳои замин барои сохтмони манзил мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ бар асари сел дар деҳаҳои Бободархон ва Фарои ҷамоати Понғоз 34 манзил пурра ва боз 52 хонаҳои истиқоматӣ қисман хароб шуданд.

Сокинони манзилҳои харобшуда айни замон дар хонаҳои хешовандону ҳамсояҳо зиндагӣ доранд. Рӯзи шанбе дар шаҳраки Бахмал ба онҳо ҷудо кардани 10 сотихӣ қитъаҳои замин оғоз мегардад.

Гуфта мешавад, дар фурсати наздиктарин аз ҳисоби маблағҳои буҷаи вилоят ва шаҳру навоҳӣ сохтмони манзилҳо барои онҳо шурӯъ гардида, сокиноне, ки қисман манзилашон зарар дидааст, низ соҳиби қитъаи замин гардида, ба Бахмал кӯчонида мешаванд.

Таъмини осебидагон бо маводи ғизоӣ, кӯрпаву болин, асбобу лавозимоти рӯзгор ва маводи мавриди ниёзи аввалия аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд идома дорад. Дар макони фалокат ҷиҳати муайян кардани ҳаҷми хисороти расида комиссияи вилоятӣ фаъолият дошта, хушбахтона, бар асари ин офат талафотӣ ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ноҳияи Ашт 11 км роҳҳои дохилӣ шуста шуда, 500 метр хатти интиқоли барқ хароб гардидааст. Ҳамчунин ба 10 гектар заминҳои кишт зарар расонида шуда, 20 сар чорвои хонагӣ талаф ёфтааст. Се воситаи нақлиёт зери лойқа монданд.

Ёдрас мекунем, нимаи дуввуми рӯзи 12-уми август дар ноҳияҳои Ашт, Ғончӣ ва Панҷакент бар асари боришот зиёд сел омада, ба манзили зист ва зербинои маҳаллаҳои аҳолинишин хисороти беҳад ворид сохт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.