Марзбонон кӯшиши навбатии вуруди қочоқбарони афғонро пешгирӣ карданд

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ҳамадонӣ зимни задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон яке аз пешвоёни онҳо ба қатл расонида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матуботи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Хушнуд Раҳматуллоев иттилоъ дод, шоми 16 ба 17-уми июни соли ҷорӣ дар яке аз мавзеъҳои […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ҳамадонӣ зимни задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон яке аз пешвоёни онҳо ба қатл расонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матуботи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Хушнуд Раҳматуллоев иттилоъ дод, шоми 16 ба 17-уми июни соли ҷорӣ дар яке аз мавзеъҳои посгоҳи марзии «Қизил-Сӯ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ марзбонон гурӯҳи иборат аз 15 нафари шахсони номаълумро ошкор месозанд. «Миёни марзбонон ва гурӯҳи шахсони номаълум задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа яке аз роҳбарони гурӯҳи қочоқбарон Ҷумъахон валади Ҷонмаҳмад ба ҳалокат расид», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи мавсуф, яке аз афсарони нерӯҳои марзбонӣ низ ҷароҳат бардошта, ба беморхона мунтақил шудааст ва ба саломатии ӯ ҳеҷ хатаре таҳдид надорад. «Субҳи имрӯз дар ҷойи ҳодиса як халтаи дорои 21 кило героин ва аслиҳаи шикории қутри 16 мм дарёфт шуд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.