Боз як маҳбуси фирорӣ кушта ва дигарӣ боздошт шуд

Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Зимни амалиёти муваффақонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар 60-километрии маркази ноҳияи Рашт яке аз маҳбусони фирории тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ кушта ва як нафари дигар боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии чумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, ҳамчунин аз ду нафар ҳаммаслакони […]

Азия-Плюс

Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Зимни амалиёти муваффақонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар 60-километрии маркази ноҳияи Рашт яке аз маҳбусони фирории тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ кушта ва як нафари дигар боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии чумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, ҳамчунин аз ду нафар ҳаммаслакони маҳбусони фирорӣ низ яке куштаву дигарӣ дастгир шудааст. «Дар минтақаи душворгузари дараи Гургонии водии Рашт макони будубоши ду нафар маҳбуси фирорӣ ва ҳаммаслакони онҳо ошкор гардида, ду нафар боздошт ва ду нафар зимни муқобилати мусаллаҳона ба қатл расиданд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, боздоштшудагон – шаҳрванди Ӯзбекистон, узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Фурқат Холматов ва шаҳрванди Тоҷикистон Имомназар Муқимов буда, кушташудагон – маҳбуси фирорӣ, сокини ноҳияи Тоҷикобод Мазҳариддин Худоёров ва ҳаммаслаки ӯ – ҷинояткори хавфноки таҳти пайгарди қонунӣ қарордошта Маҳмадкарим Иброҳимов мулаққаб ба «Шайх Камол» мебошанд. «Дар ҷойи ҳодиса 3 автомати Калашников, 1  пулемёти дастӣ, 1 норинҷакафкан бо 7 снаряд ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт шуд», – иброз дошт М.Асадуллоев.

Зикр гардид, ки дар амалиёти мазкур ҳеҷ яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ахолии маҳаллӣ осеб надидаанд.

Айни замон ҷустуҷӯи боз 6 маҳбуси дигар, ки шаби 22 ба 23 август аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор карда буданд, идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли гузашта аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе 25 нафар маҳбусон фирор карданд. Миёни маҳбусони фирорӣ 4 нафарӣ шаҳрвандони Русияву Афғонистон, ду нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. То ин замон дар ҷараёни амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 15 нафар аз маҳбусони фирорӣ дастгир ва 4 тан кушта шуданд. Ҳукуматдорон мегӯянд, тахминан аз макони будубоши 6 нафар маҳбуси фирории боқимонда низ огаҳанд.

Дар таърихи 3-юми майи соли ҷорӣ оид ба фирори маҳбусон аз тавқифгоҳ мурофиаи додгоҳӣ барпо гардида, 7 нафари онҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон гардиданд. Се нафар аз маҳбусони фирорӣ, аз ҷумла бародари Ғаффор Мирзоев – Абдурасул Мирзоев ба муддати 30 соли равонаи зиндон гардида, 4 нафари дигар ба ҳабси якумра маҳкум шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.