Дар минтақаи Кӯлоб ҳудуди 2 ҳазор га заминҳои бекорхобида ошкор шуданд

Date:

Кӯлоб. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 1813 га, аз ҷумла беш аз 200 га заминҳои обии бекорхобида ошкор карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори кумитаи минтақавии заминсозӣ Тоҳир Саидов хабар дод, миқдори бештари заминҳо бекорхобида ба ноҳияи Фархор рост меоянд. «Агар ба 105 га заминҳои бекорхобидаи обӣ ботлоқшавӣ, мавҷуд набудани каналҳои гидротехникии обёрӣ ва ғайраро сабаб пеш оранд, пас заминҳои бекорхобидаи лалмӣ тамоман бесоҳиб партофта шудаанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Т.Саидов, аз рӯйи нархҳои соли 2010 ҳаҷми маблағи андози ягона барои 1 га замин дар ноҳияи Фархор 87 сомониро ташкил медиҳад, вале сарфи назар аз пардохтани чунин маблағи андоз, хоҷагиҳо 1110 га заминро истифода намекунанд. «Мутахассисони кумита бо назардошти ҳисоби арзиши ҳосилнокии зироати ғалладона дар ноҳияи Фархор, ба омодасозии қарор бобати ҷаримабандии хоҷагиҳо барои истифода набурдани замин машғуланд», – иброз дошт вай.

Сардори кумитаи минтақавии заминсозӣ мегӯяд, соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 401 ҳолати риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи истифода замин ба қайд гирифта шудааст. «Аз ин микдор 327 нафар қонуншиканон дар ҳаҷми 98 ҳазору 297 сомони ҷаримабандӣ шуда, маводи 42 нафари дигар ба мақомоти додситонӣ ирсол шуд», – афзуд Т.Саидов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...