Дар минтақаи Кӯлоб ҳудуди 2 ҳазор га заминҳои бекорхобида ошкор шуданд

Кӯлоб. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 1813 га, аз ҷумла беш аз 200 га заминҳои обии бекорхобида ошкор карда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори кумитаи минтақавии заминсозӣ Тоҳир Саидов хабар дод, миқдори бештари заминҳо бекорхобида ба ноҳияи Фархор рост меоянд. «Агар ба 105 га заминҳои бекорхобидаи обӣ […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 1813 га, аз ҷумла беш аз 200 га заминҳои обии бекорхобида ошкор карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори кумитаи минтақавии заминсозӣ Тоҳир Саидов хабар дод, миқдори бештари заминҳо бекорхобида ба ноҳияи Фархор рост меоянд. «Агар ба 105 га заминҳои бекорхобидаи обӣ ботлоқшавӣ, мавҷуд набудани каналҳои гидротехникии обёрӣ ва ғайраро сабаб пеш оранд, пас заминҳои бекорхобидаи лалмӣ тамоман бесоҳиб партофта шудаанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Т.Саидов, аз рӯйи нархҳои соли 2010 ҳаҷми маблағи андози ягона барои 1 га замин дар ноҳияи Фархор 87 сомониро ташкил медиҳад, вале сарфи назар аз пардохтани чунин маблағи андоз, хоҷагиҳо 1110 га заминро истифода намекунанд. «Мутахассисони кумита бо назардошти ҳисоби арзиши ҳосилнокии зироати ғалладона дар ноҳияи Фархор, ба омодасозии қарор бобати ҷаримабандии хоҷагиҳо барои истифода набурдани замин машғуланд», – иброз дошт вай.

Сардори кумитаи минтақавии заминсозӣ мегӯяд, соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 401 ҳолати риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи истифода замин ба қайд гирифта шудааст. «Аз ин микдор 327 нафар қонуншиканон дар ҳаҷми 98 ҳазору 297 сомони ҷаримабандӣ шуда, маводи 42 нафари дигар ба мақомоти додситонӣ ирсол шуд», – афзуд Т.Саидов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.