Мавқуф гузошта шудани сафари вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон

Date:

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафари кории вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 24-25-уми июни соли ҷорӣ пешбинӣ гардида буд, ба вақти номуайян мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шояд Антатолий Сердюков ҳафтаи оянда ба Душанбе ташриф орад. «Дар бораи санаи мушаххаси сафари вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон ба таври иловагӣ хабар дода мешавад», – гуфтанд дар вазорат. Роҷеъ ба сабабҳои мавқуф гузошта шудани сафари корӣ маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби сафари Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев ва ҳамчунин мақомоти раҳбарии пойгоҳи низомии муқими Душанбеи 201-уми Русия дар назар аст. Ҷонибҳо ният доранд, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...