Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Душанбе веломарафон доир мегардад

Date:

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ба ифтихори таҷлили ҷашни 14-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ рӯзи 27-уми июн дар пойтахти Тоҷикистон веломарафони варзишӣ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ин чорабинӣ ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ширкат варзанд. «Иштирокчиёни веломарафон 30 километр масофаро тай намуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ҷоизаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ш.Саидов, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур рушди варзиш ва таъсиси дастаи велосипедронони шаҳри Душанбе аст. «Хоҳишмандони иштирок дар веломарафон барои дарёфти маълумоти муафассал метавонанд ба раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти шаҳрдорӣ ё шӯъаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт муроҷиат кунанд», – афзуд котиби матуботии раиси пойтахт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...