Хатлон: Ҳалокати як нафар бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши газ

Қӯрғонтеппа. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши гази вилояти Хатлон як автомашина мавриди таркиш қарор гирифт. Бар асари он як нафар ба ҳалокат расида, се тан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Тавре аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон хабар доданд, таркиш тахминан соатҳои 14:30 дақиқаи рӯзи шанбеи ҳафтаи сипраишуда дар нуқтаи фурӯши гази […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши гази вилояти Хатлон як автомашина мавриди таркиш қарор гирифт. Бар асари он як нафар ба ҳалокат расида, се тан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Тавре аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон хабар доданд, таркиш тахминан соатҳои 14:30 дақиқаи рӯзи шанбеи ҳафтаи сипраишуда дар нуқтаи фурӯши гази воқеъ дар роҳи мошингарди Қӯргонтеппа-Ҷалолиддини Румӣ, дар қаламрави ноҳияи Бохтар ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳангоми гирифтани газ автомашинаи тамғаи «Нексия» мавриди инфиҷор қарор гирифтааст.

Ҷароҳатбардоштагон ба беморхонаи вилоят мунтақил шудаанд. Аз дигар ҷузъиёти ҳодиса алҳол хабар дода намешавад. Айни замон мақомоти додситонии ноҳияи Бохтар ба тафтишоти ҳодисаи мазкур машғуланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.