Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон миёни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.
Тавре аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона се шаҳрванди афғон ба ҳалокат расиданд. Онҳоро Нозукмеҳр валади Вакил Акбар – сокини шаҳри Имом Соҳиб Сӯфӣ роҳбарӣ мекардааст. «Тибқи маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон гурӯҳи мазкур тайи муддати тӯлонӣ ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул будааст», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар макони задухӯрд 22 кило маводи мухаддири иборат аз 14 кило ҳероин, 4 кило афюн, 4 кило ҳашиш ва автомати навъи Калашников дарёфт шудааст. Миёни марзбонони тоҷик касе зарар надидааст.


