Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов мӯътақид аст, ки роҳи мошингарди тавассути қаламрави Афғонистон ба Покистон комилан бехатар аст.
«Аксарият бар ин назаранд, ки боркашонӣ тавассути қаламрави Афғонистон хатарнок аст, вале тариқи Шерхон-Бандари Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамарӯза садҳо тонна бору маҳсулоти покистонӣ расонида мешавад ва ягон дафъа дар Афғонистон ин борҳо ғорат нашудаанд, зеро ҷангиён одати ҳуҷум ба маҳсулоти барои мардум пешбинишударо надоранд», – гуфт ӯ дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».
Ба қавли сафир, ояндаи наздик ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ миёни шаҳрхои Душанбеву Лоҳур ва Исломободу Қарачии Покистон дар назар аст. «Ҳамчунин минбаъд масъалаи сохтмони роҳи мошингард тавассути роҳрав (коридор)-и Вахон дар Афғонистон ҳаллу фасл хоҳад шуд, ки Покистонро бо ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистон мепайвандад», – иброз дошт ӯ.
З.Зубайдов мегӯяд, дар ин самт ҳам Тоҷикистону ҳам Покистон фаъолона кӯшиш ба харҷ дода, асноди лоиҳавӣ қариб пурра омода шудааст ва танҳо имзои созишномаи сеҷониба миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон зарур аст.
Қаблан бо такя ба иттилои мансабдоронӣ покистонӣ хабар дода шуда буд, ки алоқаи роҳи заминӣ тавассути роҳрави Вахон натанҳо роҳи мошингард бо нақбҳои сершумор, балки сохтмони роҳи оҳанро низ пешбинӣ мекунад.
Роҳрави Вахон қитъаи танги замин дар минтақаи Вахони музофоти Бадахшони Афғонистони Шарқӣ буда, мавзеи кӯҳии дарозиаш ҳудуди 295 километр ва паҳноиаш аз 15 то 75 километр дар соҳилҳои рӯдхонаҳои Помир, Вахон ва Панҷ аст.
Покистон баҳри тавсеъаи имконоти транзити бору маҳсулоти худ ба бозорҳои ояндадори минтақаи Осиёи Марказӣ, ба амалисозии лоиҳаи мазкур манфиатдор аст. Ғайр аз ин, роҳи нав дастрасии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба бандарҳои баҳрии Покистонро таъмин мекунад.