Сокинони пойтахт бо ҳисобкунакҳои об таъмин мешаванд

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — Бо назардошти анҷоми муваффақонаи марҳилаи аввали лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа изҳори омодагӣ карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чанде қабл намояндагии Бонки ҷаҳонӣ ба унвони […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — Бо назардошти анҷоми муваффақонаи марҳилаи аввали лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа изҳори омодагӣ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чанде қабл намояндагии Бонки ҷаҳонӣ ба унвони раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев мактуб ирсол намуда, хабар додааст, ки Шӯрои мудирони Ассотсиатсияи байнулмилалӣ оид ба рушд маблағгузорӣ ба марҳилаи дуюми лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанберо маъқул шуморида, баҳри амалисозии он ба сифати бурс 16 млн. доллари ИМА ҷудо кардааст.

Ба қавли Ш.Саидов, ҳиссаи мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин лоиҳа 3 млн. доллари ИМА аст. «Дар ҷараёни амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа 76,5 ҳазор ҳисобкунакҳои об насб карда хоҳанд шуд, ки 47%-и тамоми талаботи шаҳрро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.