Анҷоми тафтишоти ҳодисаи ҳуҷум ба қатораи автомашинаҳо дар Камароб

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корҳои тафтишотӣ аз рӯйи далели ҳамлаи мусаллаҳона ба қатораи автомашинаҳои низомӣ дар дараи Кмароби ноҳияи Рашт, ки моҳи сентябри соли 2010 ба вуқӯъ пайваста буд, анҷом ёфт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари Сарпрокурори низомии ҷумҳурӣ оид ба супоришҳои махсус Ҳомидҷон Ибодов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, айни […]

Ҳайдар Шодиев

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корҳои тафтишотӣ аз рӯйи далели ҳамлаи мусаллаҳона ба қатораи автомашинаҳои низомӣ дар дараи Кмароби ноҳияи Рашт, ки моҳи сентябри соли 2010 ба вуқӯъ пайваста буд, анҷом ёфт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари Сарпрокурори низомии ҷумҳурӣ оид ба супоришҳои махсус Ҳомидҷон Ибодов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон шиносоии гумонбаршудагон бо маводи тафтишот идома дорад. «Пас аз шиносии пурраи гумонбаршудагон бо маводи тафтишот, парванда ба Додгоҳи Олӣ ирсол хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки 19-уми сентябри соли гузашта дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, бар асари он 28 нафар афсарону сарбозон ба ҳалокат расида буданд. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ин амалро кори дасти гурӯҳи собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифини тоҷик Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) ва Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) арзёбӣ карда буданд. Собиқ фармондеҳони зикршуда соли равон бо чанде аз ҳамммаслакони худ зимни амалиёти густардаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.