СММ ба инқилоби «сабз» даъват мекунад

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар «Гузориши вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон дар соли 2011», ки ба вакилони иҷлосияи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева пешниҳод гардид, зикр мегардад, ки ба инсоният инқилоби бузурги техникии «сабз» зарур аст, то ки аз оқибатҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим ва таназзули экологӣ эмин бимонад. […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар «Гузориши вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон дар соли 2011», ки ба вакилони иҷлосияи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева пешниҳод гардид, зикр мегардад, ки ба инсоният инқилоби бузурги техникии «сабз» зарур аст, то ки аз оқибатҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим ва таназзули экологӣ эмин бимонад.

Муаллифони таҳқиқот навиштаанд, бидуни табаддулоти қотеъона дар техникаи монанд ба инқилоби аввали саноатӣ, бартараф сохтани қашшоқиву гуруснагӣ дар ҷаҳон муяссар нахоҳад шуд. Коршиносон ба сармоягузории бузург ба технологияҳои экологии тозаи энергетикӣ, истифодаи тарзҳои устувори фаъолият дар бахши кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, ташкили зербинои ба иқлим тобовар даъват мекунанд.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, зимни пешниҳоди гузориш хотиррасон шудааст, ки соли 2050 аҳолии сайёра 2 млрд. нафар бештар мегардад ва ба онҳо дастрасӣ ба энергия ва ғизо зарур аст. «Аз ин рӯ, ба таҳия ва истифодаи технологияҳои энергетикии дорои хусусияти устувор мебояд суръат бахшид», – омадааст дар гузориш.

Ин ҷо сухан сари ба роҳ мондани истеҳсоли автомобилҳои аз ҷиҳати энегетикӣ пурсамар, компютерҳо, таҷҳизоти гармидеҳ ва ғайра меравад, ки дар онҳо аз энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода хоҳад шуд. «Бо назардошти суръати тағйирёбии иқлим, барои расидан ба ин ҳадафҳо се ё чор даҳсола мӯҳлат мондааст», – гуфта мешавад дар гузориш.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.