Миёни кишварҳои ИДМ Тоҷикистону Белорус аз ҷиҳати болоравии нарх пешсафанд

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистону Белорус аз ҷиҳати афзоиши сатҳи таваррум пешсафанд. Бино ба маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори иттиҳод, дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ нархҳои истеъмолӣ дар Белорус ба андозаи 25,4 ва Тоҷикистон ба миқдори 6,9% боло рафтаанд. Дар Қирғизистон ин нишондиҳанда ба 6,5% баробар аст. Дар […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистону Белорус аз ҷиҳати афзоиши сатҳи таваррум пешсафанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори иттиҳод, дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ нархҳои истеъмолӣ дар Белорус ба андозаи 25,4 ва Тоҷикистон ба миқдори 6,9% боло рафтаанд. Дар Қирғизистон ин нишондиҳанда ба 6,5% баробар аст.

Дар ин давра ҳаҷми болоравии нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои дигари узви ИДМ ба таври зайл аст: Украина – 5,5, Арманистон – 5, Молдова – 4,9 ва Русияву Қазоқистон – 4,8%. Дар Озарбойҷон дар ин давра сатҳи пасттарини тавррум ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 3,4% баробар аст. Таври маъмулӣ дар бораи ин нишондиҳандаҳо нисбат ба Ӯзбекистону Туркманистон маълумот дода намешавад.

Дар моҳҳои январ-майи соли равон сатҳи миёнаи таваррум дар кишварҳои узви ИДМ 5,8%-ро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоби миёна ба 3,9% баробар буд.

Оғози соли равон ҳукумати Тоҷикистон нигоҳдории сатҳи таваррум дар бахши истеъмолиро ба андозаи 7% ба нақша гирифта буд. Аммо бо болоравии маблағи боҷи содиротии Русия ба маҳсулоти нафтӣ, арзиши маҳсулоту хизматгузориҳо дар Тоҷикистон боло рафт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.