Коҳиши қимати маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бо ба Тоҷикистон ворид шудани маводи сӯзишворӣ аз рӯйи меъёрҳои нави боҷҳои гумрукии содиротӣ, ки ҳукумати Русия аз 1-уми июли соли равон муқаррар намуд, қимати маводи сӯзищворӣ дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Газпромнефт-Тоҷикистон» хабар доданд. «Айни замон дар нуқтаҳои фурӯш маводи […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бо ба Тоҷикистон ворид шудани маводи сӯзишворӣ аз рӯйи меъёрҳои нави боҷҳои гумрукии содиротӣ, ки ҳукумати Русия аз 1-уми июли соли равон муқаррар намуд, қимати маводи сӯзищворӣ дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Газпромнефт-Тоҷикистон» хабар доданд.

«Айни замон дар нуқтаҳои фурӯш маводи сӯзишворие, ки мутобиқи меъёри боҷи содиротии моҳи июн ворид гардида буд, фурӯхта мешавад ва табиист, ки бо ворид шудани маводи сӯзишворӣ мутобиқи меъёрҳои нави боҷи содиротӣ, бо назардошти хароҷот, нархи чаканаи маводи сӯзишворӣ низ тағйир меёбад», – гуфтанд дар ширкати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, санаи дақиқи ба Тоҷикистон ворид шудани мваоди сӯзишворӣ бо меъёрҳои нави боҷи содиротӣ ҳанӯз маълум нест, вале захираҳои маводи сӯзишвории ширкат алҳол кифоя аст. «Феълан дар нуқтаҳои фурӯши ширкат ба ҷуз бензини навъи АИ-80, ки арзиши он аз 2-юми июл 40 дирам боло рафта, ба 6 сомонӣ расид, нархҳои аз санаи 8-уми июн муқарраршуда бетағйир боқӣ мондаанд. Феълан бензини навъи АИ-92 – 6,30, АИ-95 – 6,40 ва АИ-98 – 6,1 сомонӣ арзиш доранд», – гуфт сарчашма.

Ёдрас мекунем, ки Русия аз 1-уми июл меъёри боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии сафедро барои 1 тонна аз 309,6$ то ба 298,2 $ поин бурд. Боҷи содиротӣ барои 1 тонна бензин мутаносибан аз 415,8$ то ба 400,5 $ коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ ворид гардидааст, ки 180 ҳазор тоннааш ба Русия рост меояд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.