ICD ба «Агроинвестбонк» бо шарти риояи усулҳои бонкдории исломӣ 7 млн. $ маблағ ҷудо кард

Date:

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — Раиси Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Фаррух Тағоймуродов аз 26 то 30 июни соли 2011 дар маҷлиси солонаи Бонки Исломии Рушд, ки дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ширкат варзид.

Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Агроинвестбонк» иттилоъ доданд, дар рафти ин ҷаласа байни ҶСК «Агроинвестбонк» ва Корпоратсияи Исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD) дар бораи ташкил намудани хатти сармоягузорӣ ба маблағи 7 млн. доллари ИМА созишнома ба имзо расид. « Созишномаро аз ҷониби Корпоратсияи Исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Директори иҷроия ҷ-би Халид Ал- Абудӣ ва аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбонк» Раиси Раёсат Ф. Тағоймуродов имзо карданд», – гуфтанд дар хадамоти матбуои бонк.

Манбаъ афзуд, ин созишнома пешниҳоди сармоягузориро дар асоси шарту талаботҳои Шариат ва риояи усулҳои бонкдории исломӣ барои бахши хусусии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...