Конибодом ба ҷашни истиқлол омодагӣ мегирад

Конибодом. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар Конибодом истифодаи маблағҳои асосӣ дар ҳаҷми 6,033 млн. сомонӣ ба иҷро расидааст, ки 119,1%-и нақшаро ташкил дода, 6 млн. сомонии он ба корҳои сохтмону насб рост меояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи сохтони асосии маъмурияти маҳаллӣ хабар доданд, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми […]

Акмал Алиев

Конибодом. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар Конибодом истифодаи маблағҳои асосӣ дар ҳаҷми 6,033 млн. сомонӣ ба иҷро расидааст, ки 119,1%-и нақшаро ташкил дода, 6 млн. сомонии он ба корҳои сохтмону насб рост меояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи сохтони асосии маъмурияти маҳаллӣ хабар доданд, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми корҳои пудратӣ 1 млн. 720 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 маротиба бештар аст.

Айни замон аз 21 иншооти ба муносибати ҷашни истиқлол пешбинишуда 5 иншоот – матбааи хусусӣ, ду чойхона ва ду маркази савдо ба истифода дода шудаанд. Сохтмони беморхонаи деҳот барои 40 ҷой, мактаб барои 1 ҳазор нафар хонанда, навбати чоруми маркази шаҳрии солимӣ босуръат идома дорад. Ин иншоот аз ҳисоби воситаҳои ҳукумати вилоят ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бунёд мегардад.

Ғайр аз ин, дар остонаи ҷашн ҳамчунин Маркази хизматгузорӣ барои автомобилҳо, чойхона, марказҳои тиҷоратӣ, бозори масолеҳи сохтмон, бинои «Бонки Эсхата», маркази аксбардорӣ ва нуқтахои фурӯши маводи сӯзишворӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.