Дар ҳодисаи ғоратгарӣ дар шаҳри Маскав 5 нафар тоҷикистониён айбдор мешаванд

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — |Дар ҳодисаи пурсарусадои ғоратгарӣ дар шаҳри Маскав нисбат ба панҷ шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, 12 нафари дигар дар фурсатҳои назди ба ватан истирдод мешаванд. Перомуни ин ҳодиса ҷузъиёти тоза рӯйи кор омадаанд, ки аз фарзияи васоити ахбори умумии Русия тафовут доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз […]

Asia-Plus

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — |Дар ҳодисаи пурсарусадои ғоратгарӣ дар шаҳри Маскав нисбат ба панҷ шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, 12 нафари дигар дар фурсатҳои назди ба ватан истирдод мешаванд.

Перомуни ин ҳодиса ҷузъиёти тоза рӯйи кор омадаанд, ки аз фарзияи васоити ахбори умумии Русия тафовут доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дод, дар воқеъ шаби 3-юми июл кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар қаламрави корхонаи «Гидропривод» 19 нафарро боздошт намуданд, ки бо тахди силоҳ маҳсулоти истеҳсоли Чинро аз анбори иҷораи ҶДММ «Алфаро» дуздиданӣ буданд. Худи ҳамон шаб «раҳнамо»-и гурӯҳ шахсе бо лақаби «Мигел» низ дастгир мешавад.

Миёни боздоштшудагон шаҳрвандони бекори Озарбойҷон А.Гасимов, Русия – О. Давришев, Арманистон Ш.Мстоян бо лақаби «Мигел» ва 17 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштаанд.

Гуфта мешавад, аз боздоштшудагон як норинҷаки худсохт, 1 таппончаи ҷароҳатдеҳи «Оса» бо шаш тир, як корд ва ниқобҳо дарёфт ва мусодира шудаанд. Ҳамчунин аз ду нафар дастгиршудагон ба миқдори 2,9 грамм маводи мухаддири героин дарёфт шудааст.

Аз рӯйи далели ғоратгарӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз намуда, пас аз 72 соати боздошт ба шаҳрванди Озарбойҷон А.Гасимов, Арманистон – Мстоян ва панҷ нафар шаҳрванди Тоҷикистон – Д.Аббосов, М.Субомнулов, Б.Гадоев, М.Назиров ва Х.Қаландарзода бо ин ҷурм айб пешниҳод шудааст.

«Боқимонда 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, яъне ба ҳодисаи ғоратгарӣ ҳеҷ муносибате надошта, дар фурсати наздик ба ватан истирдод мегарданд», – таъкид сохт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки перомуни ин ҳодиса васоити ахбори умуми Русия иттилоъ дода буданд, ки 19 нафар тоҷикон ба ғорати анбори воқеъ дар қаламрави корхонаи «Гидропривод» даст зада, бо якчанд таппончаву норинҷак ва кордҳои ҷангӣ мусаллаҳ будаанд. Тибқи фарзияи ВАО-и Русия, ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша иборат аз 20 нафар ва пешвои онҳо шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон будааст, ки дар олами ҷиноӣ бо лақаби «Мир» маъруф будааст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.