Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар соли сипаригашта дар Тоҷикистон коҳиши мизони ҷинояткорӣ ба андозаи 4 дарсад ба мушоҳида расидааст. Чунинанд натиҷаҳои қаблии Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Дар ҳамин ҳол, шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта ба ҳисоби миёна 11 дарсад коҳиш ёфтаанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, афзоиши мизони ҷинояткорӣ миёни кишварҳои узви иттиҳод дар Озарбойҷон ба андозаи – 14, Арманистон – 5, Қирғизистону Молдова – 2 ва Қазоқистон – 4 дарсад ба мушоҳида расидааст. Коҳиши мизони ҷинояткорӣ миёни кишварҳои узви ИДМ дар Белорус – 13, Русия – 11 ва Украина – 4 дарсадро ташкил додааст.


