Бунёди «Роғун» дар баррасии вакилони парлумони Аврупо

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Парлумони Аврупо бо ибтикори вакили парлумони мазкур Струан Стивенсон ва сафоратхонаи Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо як чорабинии илмиву амалӣ бахшида ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун» дар Тоҷикистон доир гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ вакилони парлумони Аврупо, намояндагони маъруфи Барномаи Иттиҳоди […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Парлумони Аврупо бо ибтикори вакили парлумони мазкур Струан Стивенсон ва сафоратхонаи Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо як чорабинии илмиву амалӣ бахшида ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун» дар Тоҷикистон доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ вакилони парлумони Аврупо, намояндагони маъруфи Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байнулмилалӣ дар бахшҳои илм, технология ва инноватсияҳо, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматии Иттиҳоди Аврупо ва олимони шинохтаи Аврупо ширкат варзиданд.

«Струан Стивесон ва ҳамоҳансози миллии барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байнулмилалӣ дар бахшҳои илм, технология ва инноватсияҳо Камила Магзиева ба иштирокдорони чорабинӣ дар бораи натиҷаҳои сафар ба Тоҷикистон, гуфтушунидҳо бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, боздид аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва корхонаи алюминии «Талко» маълумоти муфассал пешниҳод карда, аз лиҳози илмӣ ва экологӣ бехатар будани сохтмони иншооти мазкурро асоснок намуданд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, Стивесон ва Магзиева дар суханрониҳои худ иброз доштаанд, ки баҳсҳо атрофи идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ҳеҷ як асоси илмиву амалие надошта, ба таври истисноӣ ангезаи сиёсӣ доранд. Онҳо таъкид сохтаанд, ки нерӯи барқи «Роғун» натанҳо ба рушди Тоҷикистон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ, эҳёи иқтисоди Афғонистон ва рушди Покистон низ мусоидат хоҳад кард. С.Стивесон ва К.Магзиева изҳор кардаанд, ки дар минтақа Тоҷикистон як садди боэътимод аз таҳдидҳои муосири ҷаҳони имрӯза аст.

Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев ба ҳозирин дар бораи имконот ва лоиҳаҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ва ҳамчунин сиёсати созандаи Тоҷикистон дар масъалаи истифодаи захираҳои обии минтақа маълумоти муфассал додааст. Ӯ ҷузъиёти масоили таърих ва марҳилаҳои асосии бунёди нерӯгоҳи «Роғун» дар замони шӯравӣ ва ҷараёни корҳо айни замон дар ин иншоотро шарҳ додааст.

Сафир зикр кардааст, ки бо мақсади таъмини шаффофияти ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ, ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории ташхиси дахлдори ба зилзила тобоварии иншоот ва бехатарии экологии он ба Бонки чаҳонӣ муроҷиат кард ва феълан Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт корҳои дахлдорро анҷом медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.