Озодии Ӯрунбой Усмонов бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд озод карда мешавад. Тавре дар сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода хабар дод, мақомоти додситонӣ омӯзиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Усмоновро ба анҷом расонида, ба хулосае расиданд, ки баррасии онро метавон минбаъд бидуни дар маҳбас қарор […]

Парвина Ҳамидова

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд озод карда мешавад.

Тавре дар сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода хабар дод, мақомоти додситонӣ омӯзиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Усмоновро ба анҷом расонида, ба хулосае расиданд, ки баррасии онро метавон минбаъд бидуни дар маҳбас қарор доштани ӯ идома дод. «Ман дар ин бора қарори дахлдорро ба имзо расонидам ва Ӯрунбой Усмонов шоми имрӯз то анҷоми рӯзи корӣ озод карда мешавад», – гуфт вай.

Ба қавли Салимзода, дар бораи ин тасмим ҳамчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ огоҳ карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбе зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе Додситони кулли ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати Ӯрунбой Усмонов ба анҷом расида, гурӯҳи тафтишотии КДАМ маводи парвандаро барои омӯзиш ба мақомоти додситонии вилояти Суғд ирсол кардааст.

Ғайр аз ин Ш.Салимзода ҳамчунин гуфт, президенти Тоҷикистон бо ин қазия шинос шуданист ва айни замон кормандони мақомот перомуни ин парванда ба ӯ маълумотномаи муфассал омода месозанд.

Ӯрунбой Усмонов санаи 13-уми июни соли ҷорӣ ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.