Ташрифи мудири иҷроияи минтақавии Бонки таҷдиду рушди Аврупо ба Душанбе

Date:

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Мудири иҷроияи Бонки таҷдиду рушди Аврупо оид ба Туркия, Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Оливйе Декамп имрӯз бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии бонки мазкур дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар О.Декамп бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид анҷом хоҳад дод, ки дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.

«Аз ҷумла, баррасии масоили вазъи имрӯзаи иқтисоди Тоҷикистон, имконоти густариши фаъолияти бонк дар ҷумҳурӣ ва ҳамчунин масъалаи минбаъд ба кишвар ҷудо кардани воситаҳои молиявӣ дар назар аст», – гуфтанд дар намояндагии бонк.

Ба иттилои манбаъ, О.Декамп инчунин бо муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода низ мулоқот хоҳад орост.

«Ғайр аз ин, нимаи дуввуми имрӯз О.Декамп дар маросими баимзорасии созишнома дар бораи аз ҷониби Бонки таҷдиду рушди Аврупо ҷудо кардани хатти қарзӣ ба ҶСП «АксесБанк-Тоҷикистон» ширкат хоҳад варзид», – афзуд сарчашма.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...