Даргузашти муовини раиси КМИР-и Тоҷикистон бар асари сактаи қалб

Date:

Душанбе. 15-уми май. «Азия-Плюс» — | Муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ, дотсент, декани факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Кароматулло Холиқов дар синни 54- солагӣ бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР хабар доданд, маросими видоъ  имрӯз  дар зодгоҳаш – дар наздикии маҳаллаи Андигони ноҳияи Ваҳдат доир гардида, марҳум дар ҳамон ҷо ба хок супорида шуд. «К.Холиқов ният дошт, ки пас аз се моҳ дар Донишгоҳи давлатии Маскав рисолаи докториашро дифоъ намояд», – афзуд манбаъ.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related