Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Намояндаи махсуси дабири кулли Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) оид ба кишварҳои Қафқоз ва минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷеймс Аппатурай (James Appaturay) имрӯз бо сафари дурӯза вориди шаҳри Душанбе мешавад.
Тавре ба ОИ аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯбаи сафари намоояндаи махсуси дабири кулли НАТО масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин созмон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. «Мулоқоту гуфтушунидҳои Ҷеймс Аппатурай бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон дар назар аст», – гуфтанд дар вазорат.
Қобили зикр аст, ки Ҷеймс Аппатурай ба сифати намояндаи махсуси дабири кулли НАТО бори нахуст аз Тоҷикистон боздид мекунад.



