Ба сафҳои кормандони милиса баргаштани М.Аҳмадов аз эҳтимол дур нест

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи ноҳияҳои Рашт, ки соли гузашта пас аз содир шудани амали террористӣ дар дараи Камароб таъсис дода шуда буд, феълан пурсамар фаъолият дошта, қариб 90% бо ҳайати шахсӣ таъмин карда шудааст. Зимни нишасти мабуотӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров дар робита ба ин масъала гуфт, […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи ноҳияҳои Рашт, ки соли гузашта пас аз содир шудани амали террористӣ дар дараи Камароб таъсис дода шуда буд, феълан пурсамар фаъолият дошта, қариб 90% бо ҳайати шахсӣ таъмин карда шудааст.

Зимни нишасти мабуотӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров дар робита ба ин масъала гуфт, ҳашт нафар аз наздикони собиқ қумондонҳои саҳройии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки дар содир намудани ҷиноёт даст надоранд, имрӯз дар ин раёсат машғули коранд. Гузашта аз ин, феълан Шоҳ Искандаров ба сифати муовини сардори милисаи минтақавӣ ифои вазифа мекунад. «Ин шахсон дар амалиёти нобудсозии гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) саҳм доранд», – гуфт ӯ.

Дар посух ба суоли рӯзноманигорон перомуни тақдири минбаъдаи собиқ қумондони саҳройӣ Мирзохӯҷа Аҳмадов, вазир зикр кард, ки айни замон нисбати ӯ тафтишоти парвандаи ҷиноӣ идома дорад ва дар сурати собит гардидани бегуноҳии ӯ, М.Аҳмадов метавонад ба сафи мақомоти милисаи тоҷик баргардад ва мо барои ӯ мансаби мувофиқ пайдо хоҳем кард», – таъкид дошт А. Қаҳҳоров.

Дар идома вазири корҳои дохилӣ гуфт, айни замон амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ бобати нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ноҳияи Рашт пурра ба анҷом расидааст.

Др робита ба масъалаи аз ҷониби кормандони милиса боздошт шудани хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов, вазир қайд кард, ки бегуноҳии ӯ то ҳанӯз дар додгоҳ исботи худро наёфтааст ва агар додгоҳ ҳукми бегуноҳии ӯро содир намояд, нисбат ба кормандони милисаи ӯро боздошткарда то аз сафҳои милиса хориҷ кардани онҳо чораҳо андешида хоҳанд шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.