Пуштибонии сенаторон аз қонуни ҳифзи пасандозҳои аҳолӣ

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзе фаро мерасад, ки давлат ба баргардонидани пасандозҳои дар замони шӯравӣ беқадршудаи аҳолӣ, ки дар депозитҳои Бонки давлатии амонатгузорӣ (феълан «Амонатбонк») нигаҳдорӣ мешуданд, ӯҳдадор мегардад, – изҳор кард зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, узви палатаи болоии парлумони кишвар, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Матлубхон Давлатов. […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзе фаро мерасад, ки давлат ба баргардонидани пасандозҳои дар замони шӯравӣ беқадршудаи аҳолӣ, ки дар депозитҳои Бонки давлатии амонатгузорӣ (феълан «Амонатбонк») нигаҳдорӣ мешуданд, ӯҳдадор мегардад, – изҳор кард зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, узви палатаи болоии парлумони кишвар, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Матлубхон Давлатов.

«То имрӯз ин пасандозҳо ба ҳеҷ гунае аз ҷониби давлат ҷуброн намешуданд, вале рӯзе фаро мерасад, ки давлат ба баргардонидани онҳо ӯҳдадор мегардад», – гуфт Давлатов.

Ба қавли ӯ, Қонуни ««Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеъӣ»-и аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳодшуда ва аз тарафи палумон дастгириёфта таъсиси Хазина (Фонд)-и пасандозҳоро пешбинӣ мекунад, ки , ки бо пардохти 0,5% аз ҳаҷми умумии сармояи оинномавӣ тамоми бонкҳо ва муассисаҳои қарздиҳӣ ҳатман узви он хоҳанд шуд.

«Ҳадафи аслии таъсиси хазина ҳифзи пасандозҳои аҳолӣ аз ҳама гуна хатарҳо буда, Хазина метавонад аз хукумати кишвар низ қарз дастрас намояд», – қайд кард Давлатов.

Узви палатаи болоии парлумони кишвар ҳамчунин иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳои қабули қонуни мазкур ҷалби пасандозҳои шахсони воқеъӣ ба рушди иқтисоди миллӣ аст.

Бо такя ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, М.Давлатов изҳор кард, ки феълан ҳаҷми умумии пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳову дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ ҳудуди 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад ва қонуни мазкур онҳоро аз беқурбшавӣ муҳофизат карда, пардохти фоизҳои онҳоро кафолат медиҳад.

Ба ақидаи сенатор, пас аз аз қабули қонуни мазкур эътимоди мардум ба бонкҳо афзуда, он ҳамчунин ба интиқоли пасандозҳои шаҳрвандон аз бонкҳои хориҷи кишвар ба бонкҳои ватанӣ мусоидат хоҳад намуд.

Қобили зикр аст, ки низоми бонкии кунунии Тоҷикистон аз 138 ташкилоти қарздиҳӣ, аз ҷумла 14 бонкҳову 124 ташкилотҳои ғайрибонкии молиявӣ иборат аст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.