Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» – | Лоиҳаи қонун дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии ҶТ таҳия гардидааст, ки дар асоси он моддаи нав оид ба шиканҷа илова карда мешавад. Ин модда пурра ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ аст.
Дар ин бора зимни баргузории машварат оид ба баррасии иҷроиши ӯҳдадориҳо бахшида ба меъёри инсонӣ зери унвони «Масоили муҳими бахши ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» сардори раёсат оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералӣ Маризо Халифаев хабар дод. Ба қавли ӯ, масъалаи мазкур дар сатҳи мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ мувофиқа карда шудааст.
«Дар робита ба ин мебояд ба як қатор моддаҳои КҶ ҶТ тағйирот ворид намуд, то ки зимни истифодаи амалии онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нофаҳмиҳо рух надиҳад. Ман мӯътақидам, ки ин масъала ояндаи наздик ҳалли худро меёбад», – қайд кард Халифаев.
Дар навбати худ ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон»-и Марказ оид ҳуқуқи инсон Парвина Наврӯзова хотиррасон кард, ки шурӯъ аз 1-уми апрели соли 2010 дар Тоҷикистон кодекси мурофиавӣ-ҷиноии нав амал мекунад, ки дар он ба судҳо ҳуқуқи додани иҷозатнома барои ба ҳабс гирифтан, дастрасии боздоштшуда ба адвокат аз замони боздошт, манъи истифодаи зӯроварӣ, шиканҷа, дигар кирдори пастзанандаи шаъну эътибор, бекор донистани нишондоди бо истифодаи шиканҷа бадастомада аз ҷумлаи тағйироти нав маҳсуб мегарданд.
«Сарфи назар аз тағйироти мусбат дар кодекси мурофиавӣ-ҷиноӣ, мушкилоти зиёд ва маҳз таҳия накардани механизми пурсамари тафтишоти арзу шикоят дар бораи истифодаи шиканҷа мавҷуд аст ва дар баъзе ҳолатҳо ҳуқуқҳои конститутсионии боздоштшуда дар мавриди истифода аз хизматгузории адвокат аз замони боздошт дағалона поймол карда мешаванд. Маҳз дар ҳамин марҳилаҳо, ки адвокат ба зерҳимояи худ дастрасӣ надорад, нисбат ба боздоштшуда бо мақсади ба даст овардани нишондоди иқрор шудан аз шиканҷа истифода мешавад», – таъкид дошт Наврӯзова.
Ба қавли номбурда, маҳз аз замони боздошт нисбати шахс шиканҷа истифода гардида, он дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолоти судӣ – зимни тафтишоти пешакӣ ё ҳатто пас аз маҳкум шудан мавҷуд аст. «Кормандони милиса бо баҳонае ё манъи мустақим боздоштшударо аз истифодаи хизматгузории адвокат бо интихоби худ маҳрум месозанд, – илова намуд ӯ. – Дар соатҳои аввали боздошт, ки робитаҳои ӯ бо ҷониби сеюм ва имкони муроҷиат барои ҳифзи ҳуқуқӣ ба ҳадди ақал баробаранд, шахс мавриди латукӯб ва таҳдид қарор мегирад. Дар ин марҳила кирдори манъшуда ба хотири маҷбур кардани гуноҳро ба гардан гирифтан ё додани нишондоди дигар истифода мешавад».
Тавре Наврӯзова зикр намуд, маҳз дар ҳамин ҳолатҳо адвокат ба боздоштшуда бо сабабҳои гуногун дастрасӣ пайдо карда наметавонад ва то арзу шикоят бурдан аз ин гуна амалҳои ғайриқонунӣ, пайҳои аз шиканҷа пайдошуда гум мешаванд, ки ба адвокат имкон намедиҳанд онро собит созад.
«Латукӯб бо баклажка, истифодаи нерӯи барқ, оби ҷӯш пошидан, таҳқир, таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ ба хешу ақрабо ва ғайра амалҳои бештар истифодамешуда мебошанд», – изҳор кард вай.
Коршиноси Марказ оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчунин аз таҷрибаи амалии судӣ мисол овард. «Дар ҳодисаҳои қайдшуда дар доираи баргузории мониторинги мурофиаҳои судӣ аз моҳи марти соли 2010 то марти соли 2011 дар судҳои вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки судҳо ба арзу шикояти айбдоршавандаҳо оид ба истифода шиканҷа таваҷҷӯҳ зоҳир намесозанд. Ба ҷойи он судяҳо ва кормандони прокуратура ба ин арзу шикоят шубҳа карда, айбдоршавандагон ва шоҳидонро ба додани нишондоди бардурӯғ гунаҳкор мекунанд. Дар ин давраи ҳисоботӣ дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1, суди вилояти Суғд – 2 ва суди шаҳри Чкаловск як ҳодиса ба қайд гирифта шуданд, ки айбдоршавандагон пурра аз баёноти додаи худ зимни тафтишоти пешакӣ даст кашида изҳор карданд, ки онҳо мавриди латукӯб қарор гирифта, тамоми баёнот бо истифода аз шиканҷа гирифта шудааст».
Қобили зикр аст, ки тавассути як қатор асноди САҲА ва механизмҳои СММ, аз ҷумла Конвенсия бар зидди шиканҷа ва ду Протоколи Факултативӣ, кишварҳои узв ба манъ ва андешидани тадбирҳои пурсамар ҷиҳати пешгирӣ ва истифодаи шиканҷа, кирдору ҷазои золимона, ғайриинсонӣ ва дигар навъи амалҳои пастзанандаи шаъну эътибори инсон ӯҳдадор шуданд. Дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ – Вена 1989, Копенгаген 1990 ва Истамбул 1999 истифодаи шиканҷа манъ шудааст. Дар илова ба манъи истифодаи шиканҷа, кирдору ҷазои золимона, ғайриинсонӣ ва дигар навъи амалҳои пастзанандаи шаъну эътибори инсон, тамоми ӯҳдадориҳои дар боло зикршуда риояи ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, ҳуқуқ ба мурофиаи адолатноки судӣ ва ҳуқуқ ба муҳофизатро таъмин месозанд.


