Боздошти боз ду нафар маҳбуси фирорӣ дар Тавилдара

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни баргузории амалиёти махсус дар деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз ду маҳбуси фирорӣ аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллиро боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, дар ҷараёни амалиёт ҷинояткорон муқобилати […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни баргузории амалиёти махсус дар деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз ду маҳбуси фирорӣ аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллиро боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, дар ҷараёни амалиёт ҷинояткорон муқобилати шадиди мусаллаҳона нишон дода, пас аз нобуд сохтани нуқтаҳои оташфишонии онҳо, Ҷонибек Зиёев, соли таваллудаш 1979, зодаи ноҳияи Панҷ ва Баҳриддин Ҳасанов, соли таваллудаш 1968, зодаи ноҳияи Тавилдара боздошт шудаанд. «Чанде баъдтар Б. Ҳасанов аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расид», – гуфт ӯ.  

Ба қавли Асадуллоев, дар ҷойи баргузории амалиёт ду автомати Калашников, таппончаи Макаров ва дигар муҳимоти ҷангӣ дарёфт шудаанд. «Мутассифона, дар ҷараёни баргузории амалиёт як нафар корманди ШКД-и ноҳияи Тавилдара ҳалок шуда, ду нафар кормандони РКД-и гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ҷароҳат бардоштанд», – афзуд М.Асадуллоев.

Ҳамин тариқ то имрӯз аз 25 нафар маҳбуси фирорӣ аз тавқифгоҳи КДАМ 24 нафар боздошт ё кушта шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.