Семинари намояндагони ИА ва Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзҳои 26 ва 27 июли соли 2011 семинари васеи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии байни ИА ва Тоҷикистон оиди масоили ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ барпо гардид. Ҷаласаи дурӯза, ки аз тарафи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо ҳамкории ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гардид, ҳамчун формуми кушодаи баррасии масоили ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ хидмат […]

Asia-Plus

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзҳои 26 ва 27 июли соли 2011 семинари васеи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии байни ИА ва Тоҷикистон оиди масоили ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ барпо гардид. Ҷаласаи дурӯза, ки аз тарафи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо ҳамкории ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гардид, ҳамчун формуми кушодаи баррасии масоили ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ хидмат намуд.

Тавре аз дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо хабар доданд, семинар зиёда аз 70 иштироккунандагон, аз он ҷумла 40 намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз саросари мамлакат, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҳайати дипломатиро гирди ҳам овард.  Дар семинар инчунин намояндагони ташкилоти ғайридавлатӣ, ки фаъолияташон масоили муҳоҷирати меҳнатиро дар Русия ва Қазоқистон бар мегирад, ва коршиносони байналмилалии аз Ташиклоти байналхалқии меҳнат ва Маркази байналхалқии омода намудани сиёсати муҳоҷиратӣ низ ширкат варзиданд.

Иштирокчиён ҷабҳаҳои гуногуни масоили ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатиро тавассути музокираи зарурати ҳамкории байнимақомотӣ ва байналхалқӣ, таҳлили хавфҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ, ба мисоли хариду фурӯши инсон, аз наздик дида баромадани хадамоти дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, музокираи душвориҳои тайёркунӣ ва азнавтайёркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва душвориҳои дастрасии хадамоти тиббӣ, инчунин зикри масоили занони муҳоҷир ва оилаҳои дар ватан боқимонда баррасӣ намуданд.

Дар охири семинари васеъ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ чанд тавсияҳоро таҳия намуданд, ки мақсади асосии онон беҳдошти ҳолати ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Тавсияҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш карда мешаванд, ва зиёда аз ин дар ҷаласаи навбатии пешистодаи Муколамаи ИА – Тоҷикистон оиди ҳуқуқи инсон, ки моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, дида баромада мешавад.

Семинари ҷомеаи шаҳрвандии байни ИА ва Тоҷикистон ҷузъи Муколамаи солонаи ҳуқуқи инсон буда, байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо мақсади баррасии доираи васеи масоили ҳуқуқи инсон  баргузор мегардад. Муколама аз бози тасдиқи Дурнамои “ИА ва Осиёи Миёна: дурнамои шарики нав” аз тарафи Шӯрои Аврупо моҳи июни соли 2007 доир мегардад ва ба пешбурди риояи ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосӣ ва унсурҳои демократия равона карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.