ВКХ ҳодисаи дар марз рухдодаро меомӯзад

Date:

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳодиса дар марзи Афғонистону Тоҷикистон рухдода, ки бар асари он 8 нафар шаҳрвандони кишвари ҳамсоя кушта шуданд, огоҳ аст.

Роҳбари департаменти иттилооти вазорати мазкур Давлат Назриев дар робита ба ин масъала мегӯяд, ҳангоми ташрифи вазири корҳои хориҷии Афғонистон Залмай Расул ба Тоҷикистон фарзияи Афғонистон нисбати ин қазия пешниҳод гардидааст ва мутобиқи ин фарзия, кушташудагон дар марз аъзои як гурӯҳи сайёҳӣ будаанд. «Айни замон ин ҳодиса мавриди омӯзиши мо қарор дорад, зеро фарзияи мақомоти қудратии ҷониби Тоҷикистон дигар аст», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шӯрообод ҳашт нафар шахсони ғайриқонунӣ марзро убурнамуда, ки ба қочоқи маводи мухаддир гумонбар донита мешуданд, кушта шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 23-юми июл ба вуқӯъ пайваст. Бино ба маълумоти мақомоти Тоҷикистон, дар ҷойи ҳодиса 50 кило маводи мухаддир ва аслиҳа дарёфт гардидааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...