Ташрифи 100 нафар соҳибкорони Чин ба минтақаи озоди иқтисодии Суғд

Хуҷанд. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аз 24 то 29-уми июли соли равон сафари 100 нафар соҳибкорону тоҷирони Чин ба минтақаи озоди иқтисодии Суғд баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти раҳбарии минтақаи озоди иқтисодии Суғд хабар доданд, ба ҳайат намояндагони корхонаҳои саноатӣ, ки дар бахши фаъолияти сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул, тиҷорат ва сайёҳӣ […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аз 24 то 29-уми июли соли равон сафари 100 нафар соҳибкорону тоҷирони Чин ба минтақаи озоди иқтисодии Суғд баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти раҳбарии минтақаи озоди иқтисодии Суғд хабар доданд, ба ҳайат намояндагони корхонаҳои саноатӣ, ки дар бахши фаъолияти сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул, тиҷорат ва сайёҳӣ машғуланд ва ҳамчунин омӯзгорони донишкадаҳои тиҷорату маркетинги як қатор шаҳрҳои Чин шомил буданд.

Ба иттилои манбаъ, ин сафар аз ҷониби ширкати «Guizhou Fenggang Life Industry Investment Management Co.Ltd» бо дастгирии вазорати савдои Чин созмон дода шудааст. Раиси Шӯрои мудирони ширкат Ҷианг Юу Ксианг сарварии ҳайатро бар дӯш дошт.

Ҳадаф аз сафар роҳандозии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишарҳо ва баррасии имкони ифтитоҳи корхонаҳо дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд аст.

«Мақомоти давлатии Чин пешниҳоди мо ҷиҳати кушодани корхонаҳои саноатии Чин дар минтақаи Суғдро дастгиркарданд. Ба туфайли мусоидати Вазорати савдои Чин мо аллакай бо ду ширкати бузурги кишварамон гуфтушуниди муваффақона доир сохтем ва акнун онҳо фаъолияти сармоягузории худ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғдро тарҳрезӣ мекунанд. Ширкати мо бобати роҳандозии фаъолияти як қатор навъҳои истеҳсолоти муосир дар ин минтақа нақшаҳои дақиқ тарҳрезӣ кардааст», – гуфт Ҷианг Юу Ксианг. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.