Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим бар ин назар аст, ки нишондиҳандаҳои Тоҷикистон оид ба истихроҷи нафту газ дар солҳои 70-уми қарни сипаришуда аллакай омори таърихӣ аст ва мебояд ба вазъи имрӯза аҳаммият дод.
Зимни нишасти хабарӣ А.Иброҳим изҳор дошт, ки он солҳо дар қаламрави Тоҷикистон то 500 млн. метри мукааб газ ва зиёда аз 400 ҳазор тонна нафт истихроҷ мегардид, аммо ин ҳаҷм ҳамон замон низ барои талаботи Тоҷикистон нокофӣ буд ва ҳаҷми дигари зарурӣ аз берун оварда мешуд.
Ба гуфтаи А.Иброҳим, феълан барои пармакунии як чоҳ маблағи зиёд зарур аст, ки он дар бюҷет мавҷуд набуда, аз ин рӯ, ҷумҳурӣ ба мушкилоти ҷалби сармояи хориҷӣ мувоҷеҳ мегардад. «Айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ ширкатҳои хориҷии «Газпром» (Русия), «Тетис Петролиум» (Канада) ва ғайра ба ҷустуҷӯйи конҳои нафту газ машғуланд», – гуфт ӯ.
А. Иброҳим ҳамчунин иброз дошт, ки феълан сохтори фаръии ширкати «Газпром» дар кони «Сариқамиш» (ноҳияи Шаҳринав) ба корҳои ҷустуҷӯйи иктишофиву геологӣ машғул буда, ин майдон умеди асосии кишвар аст. «Чуқурии чоҳ дар ин майдон 6,3 ҳазор метрро ташкил дода, қабл аз пармакунии чоҳҳо дар ин кон, корҳои таҳқиқотӣ, геофизикӣ ва зилзиласанҷӣ барпо гардиданд», – иброз дошт вай.
Номбурда афзуд, «алҳол ин танҳо чоҳҳои ҷустуҷӯйӣ буда, агар мушаххас гардад, ки дар он нафту газ мавҷуд аст, сипас чоҳҳои баистифодадиҳӣ парма карда мешаванд».