Gallup: Ҳудуди 95%-и аҳолии Тоҷикистон сиёсати Русияро маъқул мешуморанд

Душанбе. 10-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутобиқи натиҷаҳои назарсанҷии хадамоти иҷтимоии амрикоии Gallup дар 104 кишвари дунё, 94%-и аҳолии Тоҷикистон сиёсати Русияро маъқул шуморида, 2% онро дастгирӣ намекунанд ва 5% аз посух ба ин суол мушкилӣ кашидаанд. Бино ба маълумоти ҷомеашиносон, миёни 104 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон аз ҳама бештар ба сиёсати Русия мувофиқ будааст. «Чунин […]

Asia-Plus

Душанбе. 10-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутобиқи натиҷаҳои назарсанҷии хадамоти иҷтимоии амрикоии Gallup дар 104 кишвари дунё, 94%-и аҳолии Тоҷикистон сиёсати Русияро маъқул шуморида, 2% онро дастгирӣ намекунанд ва 5% аз посух ба ин суол мушкилӣ кашидаанд.

Бино ба маълумоти ҷомеашиносон, миёни 104 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон аз ҳама бештар ба сиёсати Русия мувофиқ будааст.

«Чунин нишондиҳандаи баланд гувоҳи он аст, ки то кадом андоза аҳолии ин кишварҳо ба интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия вобастаанд», – гуфта мешавад дар гузориш.

Бино ба маълумоти Хазинаи байнулмилалии асъор, ки ба он Gallup такя мекунад, соли 2008 маблағҳои пулии аз Тоҷикистон ба Русия интиқолгардида 50%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додаанд.

Ба сафи панҷгонаи ба сиёсати Русия мувофиқ будаи кишварҳои ҷаҳон ба ҷуз Тоҷикистон ҳамчунин Қирғизистон (84%), Мали (84%), Ӯзбекистон (81%) ва Арманистон (75%) шомил шудаанд.

Миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ аз ҳама бештар аҳолии Гурҷистон (76%) бо сиёсати Русия созгор набудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.