Хоруғ: Ихтиёран супурдани 34 адад яроқ дар арафаи оғози сафари сарвари давлат

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл аҳолии маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ихтиёран 34 адад силоҳи оташфишонро ба мақомоти давлатӣ супраданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ аз тарафи сокинони […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл аҳолии маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ихтиёран 34 адад силоҳи оташфишонро ба мақомоти давлатӣ супраданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ аз тарафи сокинони маҳаллаҳои шаҳр ба таври ихтиёрӣ бе номнавис кардани насаб 34 адад яроқи оташфишон ба анбори нигоҳдории яроқу аслиҳаи шӯъбаи таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Раёсати корҳои дохилии ВМКБ супорида шуд.

Аз ҷумла, 4 адад пулемёти дастии «Калашников», 11 адад автомати «Калашников», 1 адад Карабини СҚС ЮН №-4252 соли бароришаш 1946, 3 адад Карабини истеҳсоли хориҷӣ, 3 адад Карабини тамғаи «Бур» истеҳсоли Британияи Кабир, 11 адад таппончаҳои тамғаи «Макаров», 1 адад таппончаи истеҳсоли хориҷии ERMA WARKE.

Қобили зикр аст, ки ин амал дар арафаи сафари сарвари давлат ба ВМКБ сурат мегирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, президенти Тоҷикистон пагоҳ бо сафари корӣ озими Бадахшон мегардад. Зимни сафар ӯ дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ширкат варзида, ҳамчунин бо фаъолон ва аҳолии вилоят вохӯрӣ мегузаронад.

Хамчунин мавриди зикр аст, ки ахиран шаҳри Хоруғ макони баргузориҳои гирдихамойиҳои ғайриқонунии хешу ақрабои маҳкумшудагон гардидааст, ки аз ҳукми додгоҳ норозигӣ баён мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.